Кӯмакпулии раиси пойтахт ба иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар

 Раиси шаҳри Душанбе барои кӯмаки якдафъаина ба иштиркчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард. Ба иттилои сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов, барои пардохти кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 524 000 (панҷсаду бисту чор ҳазор) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме […]

ASIA-Plus


 Раиси шаҳри Душанбе барои кӯмаки якдафъаина ба иштиркчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Ба иттилои сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов, барои пардохти кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 524 000 (панҷсаду бисту чор ҳазор) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 600 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 400 ҷудо карда мешавад.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе, баҳри ободонии қабру пайкара ва лавҳаҳои ёдгории қурбониёну иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин таъмини тозагии  Боғи мемориалии «Ғалаба», майдони «Ғалаба», хиёбону кӯчаҳо ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе рӯзи 5 майи соли ҷорӣ ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида мешавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин аз роҳбарони идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ҷойгирбуда даъват кард, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кӯмаки моддӣ расонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.