Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ кормандони милиса беш аз 30 кило маводи мухаддир дарёфт намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми аз назаргузаронии таги купрӯки роҳи мошингарди Кӯлоб-Шуробод-Қалаи-Хумб, воқеъ дар мавзеи Қалоти маҳсуми Шакур, 2-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори бангдона вазни умумиашон 30 кг. 150-грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.
«Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки маводи мухаддири дарёфтшуда ба сокинони Кӯлоб Фирӯз Назарови 27-сола ва Ҳасан Шамсиддинови 34-сола тааллуқ дорад», – гуфтанд дар ВКД.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон дастгир гардида, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.



