Ҳалокати ду нафар бар асари таркиш дар як корхонаи Қумсангир

Бар асари таркиш дар як корхона дар ноҳияи Қумсангир ду нафар ҳалок гардида, ду тан ҷароҳат бардоштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Қумсангир Холмурод Раҳмонов хабар дод, таркиш рӯзи 5-уми май дар корхонаи коркарди нафти «Сулола» воқеъ дар шаҳраки Нефтяник рух додааст. Ба қавли Раҳмонов, тибқи маълумоти пешакӣ, таркиш дар натиҷаи риоя нашудани техникаи […]

Сайраҳмон Назриев


Бар асари таркиш дар як корхона дар ноҳияи Қумсангир ду нафар ҳалок гардида, ду тан ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Қумсангир Холмурод Раҳмонов хабар дод, таркиш рӯзи 5-уми май дар корхонаи коркарди нафти «Сулола» воқеъ дар шаҳраки Нефтяник рух додааст.

Ба қавли Раҳмонов, тибқи маълумоти пешакӣ, таркиш дар натиҷаи риоя нашудани техникаи бехатарӣ ба вукуъ пайвастааст. «Дар ҷойи ҳодиса мақомоти дахлдор машғули кор буда, сабабҳо ва ҳаҷми зарар аз таркиш муайян карда мешаванд», – афзуд Раҳмонов.

Бино ба маълумоти расмӣ, корхонаи «Сулола» дар 10 километрии шаҳраки Дӯстӣ – маркази ноҳияи Қумсангир воқеъ буда, дар он ҳудуди 40 нафар машғули коранд. Дар корхона маводи сӯзишворӣ, аз қабили бензину солярка ва мазут истеҳсол мешавад.

Аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ки кормандони хадамоти оташнишонӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гузаштани оташ ба дигар зарфҳои дорои маводи сӯзишвориро пешгирӣ кардаанд. «Айни замон корҳои тафтишотӣ идома доранд. Ҳолатҳои сар задани сӯҳтор ва ҳаҷми зарари расида муайян карда мешаванд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.