Коҳиши назарраси содироту афзоиши босуръати ҳаҷми воридот

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли равон 1 млрд. 657 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,8% ё худ 162 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 728 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли равон 1 млрд. 657 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,8% ё худ 162 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 728 млн. доллари ИМА шудааст.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 83 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 73 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 464 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7% ё худ 44 млн. доллари ИМА камтар аст.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 193 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 20,9% ё худ 206 млн. $ бештар аст.

Дар зарфи чор моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти нахи пахта ба миқдори 12,2%, фулузоти арзон ва маснуоти онҳо – 30,8%, маҳсулоти тайёри ғизоӣ – 63,6% ва маҳсулоти гуногуни саноатӣ – 89,8% коҳиш ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт се баробар, маҳсулоти растанӣ – 65,6%, маҳсулоти тайёри ғизойӣ – 13,2 афзудааст.

Аз рӯйи ҳаҷми умумии содироти мол дар соли 2011 шарикони асосии Тоҷикистон кишварҳо зеринанд: Туркия – 40,8%; Чин – 18,3%, Афғонистон – 9,1%.

Воридоти мол асосан аз Русия – 25,5%, Қазоқистон – 16%, Чин – 9,4% ва Ҷазираҳои Виргиния – 6,6% сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.