Дар санаи 15 майи соли 2012, ҷаноби Такааки Коматсу, Котиби саввуми Сафорати Ҷопон ва ҷаноби Абдуҷон Таваккалов, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар маросими ифтитоҳи шӯъбаи тавлидии беморхонаи Маркази ноҳияи Панҷ ширкат варзиданд.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи муҷҷаҳазгардонии шӯъбаи тавлидии беморхонаи Марказии ноҳияи Панҷ бо таҷҳизоти тиббӣ» ба маблағи умумии 105,772 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, муваффақона ба итмом расид.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур шӯъбаи тавлид бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ, мисли дастгоҳҳои нафасдиҳандаи сунъии шуш, дастгоҳи обияткашии ҷарроҳӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ, ки барои табобати дуруст ва хизматрасонии тиббӣ лозим мебошад, муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Худи ҳамин рӯз, ҷаноби Такааки Коматсу ва Маҳмадраҳим Исмоилов, раиси ноҳияи Ҷиликӯл, дар маросими ифтитоҳи беморхонаи Минтақави № 2 ҷамоати “Нури Вахш”-и ноҳияи Ҷиликӯл ширкат варзиданд.
“Лоиҳаи барқарорсозии беморхонаи минтақавии №2
ҷ
амоати «Нури Вахш», ноҳияи Ҷиликул”, ба маблағи умумии 105,992 доллари ИМА, низ аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ дастгирӣ ёфт.
Барои беҳбудии муҳит ва сифати хизматросонии тиббӣ дар чаҳорчубаи лоиҳа сохтмони бинои нав ва барқарорсозии бинои мавҷуда иҷро шуд. Илова бар ин, таҷҳизоти нави тиббӣ, мисли дастгоҳи ултрасадо, мизи ҷарроҳӣ ва электрокардиограф насб шуд.
Дар натиҷаи лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ, дар назар аст, ки беморхонаҳо барои беҳтар намудани шароити тиббии мардуми маҳаллии ноҳияҳои Панҷ ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон мусоидат менамоянд.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ кӯмак мерасонанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ зиёда аз 282 лоиҳа ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.


