Ифтитоҳи филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар Ховалинг

Бо мақсади таъмини хизматрасонии хуб ва муосири бонкӣ ахири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон филиали нави «Тоҷиксодиротбонк» расман ифтитоҳ гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, бинои филиал тибқи талаботи муосири бонкдорӣ ва дар асоси бренди ягонаи Бонк бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву идорӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар чорабинӣ ба ифтихори […]

ASIA-Plus


Бо мақсади таъмини хизматрасонии хуб ва муосири бонкӣ ахири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон филиали нави «Тоҷиксодиротбонк» расман ифтитоҳ гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, бинои филиал тибқи талаботи муосири бонкдорӣ ва дар асоси бренди ягонаи Бонк бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву идорӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар чорабинӣ ба ифтихори кушодашавии расмии филиал масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Ховалинг, роҳбарият ва аҳли кормандони «Тоҷиксодиротбонк», намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва мардуми ноҳия иштирок намуданд. Зимни суханрониҳо тазаккур дода шуд, ки фаъолияти филиал имкон медиҳад барои мутахассисони соҳавии ноҳия 30 ҷойи нави корӣ омода шуда, ҳамзамон, бо истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ барои пешбурди фаъолияти намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳия заминаи воқеӣ гузошта шавад.

Пас аз буридани лентаи рамзӣ роҳбарияти Бонк якҷо бо меҳмонон ва сокинони ноҳия вориди бино гашта, бо шарту шароити он аз наздик ошно гаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат