Беш аз 50 млн. $ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар семоҳаи аввал

Дар семоҳаи авали соли равон корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқиӣ-обии «Роғун» дар ҳаҷми ҳудуди 245 млн. сомонӣ (зиёда аз 50 млн. $) маблағгузорӣ шуданд. Бино ба маълумоти ҶСК «НОБ-и Роғун» аз оғози корҳои барқароркунӣ аз соли 2007 ба сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 млрд. 325 сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Соли 2011 […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар семоҳаи авали соли равон корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқиӣ-обии «Роғун» дар ҳаҷми ҳудуди 245 млн. сомонӣ (зиёда аз 50 млн. $) маблағгузорӣ шуданд.

Бино ба маълумоти ҶСК «НОБ-и Роғун» аз оғози корҳои барқароркунӣ аз соли 2007 ба сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 млрд. 325 сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Соли 2011 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» наздик ба 813 млн. сомониро ташкил дод.

Ғайр аз ин, моҳи январи соли 2010 нашр ва ҷойгиркунии саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ-и Роғун» амалӣ гардид. Ба аввали моҳи апрели соли равон аз ҳисоби фурӯши саҳмия ва сертификатҳо ба суратҳисоби ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун» дар Маркази хазинадории Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 805 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳо ба сифати кӯмак тақрибан 28,8 млн. сомонӣ ва фоизҳо барои суратҳисобҳои депозитӣ 28,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд.

Саҳмияву сертификатҳо асосан аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои давлативу хусусӣ харида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки арзиши сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳаҷми 2,2 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат