Натиҷагирӣ аз таҳқиқоти «Потенсиали маҳсулотҳои органикии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда»

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлисгоҳи қаҳвахонаи “Хушбахтӣ” натиҷаҳои тадқикот оиди омӯзиши “Потенсиали маҳсулотҳои органикии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда” баррасӣ мегардад. Чорабинии мазкур дар доираи барномаи “Осиёи Марказӣ -Инвест II” аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии “Суғдагросерв Мушовир” дар якҷоягӣ бо намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон ва бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Авврупо гузаронида мешавад. Барнома барои мусоидат […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлисгоҳи қаҳвахонаи “Хушбахтӣ” натиҷаҳои тадқикот оиди омӯзиши “Потенсиали маҳсулотҳои органикии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда” баррасӣ мегардад.

Чорабинии мазкур дар доираи барномаи “Осиёи Марказӣ -Инвест II” аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии “Суғдагросерв Мушовир” дар якҷоягӣ бо намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон ва бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Авврупо гузаронида мешавад. Барнома барои мусоидат намудан ба ҳамроҳшавии минтақаи Осиёи Марказӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ равона шудааст.

Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои давлатии дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии хориҷиву ватанӣ ва ҳамчунин корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ширкат меварзанд.

Ба ҳайси мутахасиссон Абдулатиб Ҳалдаров – яке аз муаллифони тадқиқоти мазкур, машваратчии баёналхалқӣ, мутахассис оид ба истеҳсол ва сертификатсиякунонии маҳсулотҳои органики ташкилоти Швейтсариагӣ – Хелветас Свисс Интеркооперейшен, Маҳинахон Сулаймонова – роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии “Суғдагросерв Мушовир” баромад мекунанд.

Мақсади асосии ин чорабинӣ баррасии натиҷаҳои бадастомада дар чаҳорчӯбаи тадқиқоти гузаронидашуда ба намояндагони ташкилотҳои дар соҳаи кишоварзии мамлакат фаълоятбаранда мебошад.

Дар рафти гузаронидани ин тадқиқот муаллифон ба то чӣ андоза истеҳсоли маҳсулотҳои

органикӣ дар шароити Тоҷикистон қобили иҷро аст ва оё деҳқонони тоҷик аз истеҳсоли

маҳсулоти органикӣ метавонанд, ки даромади устовор ба даст оваранд ва он барои беҳтар

намудани шароити зисти онҳо мусоидат кунад, диққат додаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон фақат пахтаи органикӣ истеҳсол мешавад. Ҳол он ки имкониятҳои

бисёр хуб барои истеҳсоли органикии меваҳо, буттамевагиҳо, чормағзиҳо, лӯбиёгиҳо ва

сабзавот мавҷуд аст. Дар ҳамаи ҳолатҳо “деҳқони органикӣ” назар ба “деҳқони анъанавӣ”

камтар зарар мекашад, вале зиёдтар даромад мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.