Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс рейтинги моҳи апрели боксчиёни беҳтарини ҷаҳон дар вазнҳои олимпиро интишор кард. Боксии тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 56 кило мақоми аввалро ишғол кард.
Дар нуҳ вазни дигар боксчиёни зерин пешсаф дониста шуданд: вазни то 49 кило – Ен Хун Шин (Кореяи Ҷанубӣ), то 52 кило – Миша Алоян (Русия), то 60 кило – Яснел Толедо (Куба), то 64 кило – Томас Ли Сталкер (Англия), то 69 кило – Тарас Шелестюк (Украина), то 75 кило – Евгений Хитров (Украина), то 81 кило – Хулио Сезар Лакруз Пераза (Куба), то 91 кило – Теймир Мамадов (Озарбойҷон) ва зиёда аз 91 кило – Муҳҳаммадрасул Меҷидов (Озарбойҷон).
Ёдрас мекунем, ки Иттиҳодияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Анвар Юнусовро беҳтарин варзишгари соли 2011 дар Тоҷикистон эътироф кард.
Моҳи октябри соли гузашта пас аз пирӯзии навбатӣ дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон дар Боку ӯ ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимии Лондон-2012-ро дарёфт кард.