Моратория ба санҷиши корхонаҳои нави истеҳсолӣ

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи қонун «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро якдилона маъқул шумориданд. Зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи қонун дар ҷаласаи навбатии парлумон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов зикр кард, ки лоиҳаи қонун бо мақсади даст ёфтан ба рушди бахши […]

Аваз Юлдошев


Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи қонун «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро якдилона маъқул шумориданд.

Зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи қонун дар ҷаласаи навбатии парлумон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов зикр кард, ки лоиҳаи қонун бо мақсади даст ёфтан ба рушди бахши хусусӣ, иқтисоди миллӣ, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ, мубориза алайҳи зуҳуроти иқтисоди пасипардагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таҳия гардидааст.

«Мораторияи сесола танҳо ба корхонаҳое дахл хоҳад дошт, ки дар истеҳсолот технологияҳои навтаринро мавриди истифода қарор медиҳанд, – гуфт вай. – Барои рӯйи кор омадани ин иқдом комиссияи давлатие таъсис дода хоҳад шуд, ки ба ҳайати он мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони бахши хусусӣ шомил хоҳанд гашт».

Дар ин робита вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кард, ки мораторияи санҷиш натанҳо ба корхонаҳои нав, балки ба корхонаҳои амалкунандаи кишвар низ ҷорӣ карда шавад.

Дар навбати худ, Д.Саидов изҳор кард, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти амалкунанда аз имтиёзоти дигар, аз ҷумла аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Ба андешаи вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, дар баробари воқеияти имрӯза ва санҷишҳои сершумор аз ҷониби сохторҳои ҳукумат аксари корхонаҳо аз фаъолият даст хоҳанд кашид.

Ш.Шабдолов суол кард, ки кадом мақомот сатҳи навтарин будани технологияро муайян мекунад ва дар посух Д.Саидов гуфт, «ин аз ҷониби Комиссияи давлатие, ки таъсис меёбад, ҳаллу фасл хоҳад шуд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.