Ҳукумат реҷаи раводид барои шаҳрвандони ИМА-ро бекор карданист


Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон бидуни баррасӣ тағйироти иловашуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи мақоми шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд.

Мутобиқи тағйироти қабулшуда, Тоҷикистон ба таври якҷониба метавонад реҷаи раводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳоро бекор созад.

Зимни шарҳи тағйироти мазкур ба вакилон муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмудҷон Собиров иброз дошт, ки бархе аз кишварҳо, аз қабили Малайзияву Туркия ва Сингапуру Миср ба таври якҷониба реҷаи раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро бекор кардаанд.

«Дар навбати худ, ҳукумати Тоҷикистон ояндаи наздик бекор сохтани реҷаи раводид барои шаҳрвандони ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва як қатор давлатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро, ки дар кишвари мо ба муддати на зиёдтар аз як моҳ ҳузур доштанианд, ба нақша гирифтааст», – таъкид кард намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи М.Собиров, бекор сохтани реҷаи раводид ба таври якҷониба ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳамчунин демократияи мардумӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт.

spot_imgspot_img

Популярное