Мавсими мубориза бо малах анҷом меёбад

Date:


Дар Тоҷикистон мавсими имсолаи мубориза бо малах анҷом меёбад.


Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар кишвар 68,3 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 57,2 ҳазор гектар камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараровар техникаи дахлдор ва ҳамчунин қувваи корӣ сафарбар шудааст.

«Ба санаи 25-уми май дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон аз ҳама бештар қаламрави вилояти Хатлон мавриди ҳамлаи малахҳо қарор гирифтааст, ки майдони умумии он зиёда аз 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

«Ҳамчунин паҳншавии малах дар қаламрави вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ низ ба мушоҳида расид», – афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта майдони умумии фарогири ҳуҷуми малах дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 160 ҳазор гектар баробар буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...