Тасвиби 5 санади иловагии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин

Имрӯз миёни сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистону Чин 5 санади иловагии ҳамкорӣ ба имзо расид: Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ин санадҳо иборатанд аз: – 2 созишнома миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ; – Ёддошти тафоҳум […]

ASIA-Plus


Имрӯз миёни сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистону Чин 5 санади иловагии ҳамкорӣ ба имзо расид:

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ин санадҳо иборатанд аз:

– 2 созишнома миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантини сифати молҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нозирот ва карантини растанӣ;

– Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи геологияи ангишти музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин;

– Созишномаи ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” (TALCO) ва Ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин (CNBM).

Тибқи созишномаи миёни TALCO ва CNBM, бояд дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки сементбарорӣ бо номи “CNBM-TALCO семент” бунёд ёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна сементи навъи 620 хоҳад буд. Ин корхона бо навтарин техникаю технология муҷаҳҳаз шуда, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ аввалин шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он чунин навъи баланди семент истеҳсол хоҳад кард.

Тибқи нақшаҳои қаблӣ, навбати аввали он бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент бояд дар зарфи 14 моҳ сохта, ба истифода дода шавад.

Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона дар 5 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.