Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаи аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи воситаҳои доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»-ро дастгирӣ кард.
Зимни шарҳу тағйироту идова ба вакилон вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор кард, ки мутобиқи он, минбаъд Тоҷикистон ба ҳифзи маълумот дар бораи воситаҳои доруворӣ, ки дар кишваро мо аз қайди давлатӣ мегузаранд, кафолат медиҳад.
Ба гуфтаи вазир, иҷрои ин талабот яке аз шартҳои пазируфтан ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо мебошад.
«Феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 244 номгӯйи воситаҳои доруворӣ аз қайди дахлдори давлатӣ гузаштаанд, ки 74 номгӯйи он ба истеҳсолкунандагони ватанӣ мансубанд», – гуфт вай.
Н.Салимов ба вакилон хабар дод, ки агар соли 2000 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 4,9 млн. доллаи ИМА воситаҳои доруворӣ ворид шуда бошанд, пас соли гузашта ин нишондиҳанда беш аз 120 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
«Мақомоти дахлдори давлатӣ мунтазам аз болои дорувории тиббии ба ҷумҳурӣ воридшуда назорат меунанд. Танҳо соли 2011 дар Тоҷикистон беш аз 41 тонна воситаҳои дорувории пастсифат, муҳлати истифодаашон гузашта ва корношоям аз муомилот мусодира ва нобуд карда шуданд», – афзуд вазири тандурустӣ.






