Боз ду роҳхати олимпӣ ба варзишгарони тоҷик

Варзишгарони Тоҷикистон боз ба ду роҳхат ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 соҳиб шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муҳаммадшо Абдуллоев хабар дод,  ба Тоҷикистон дар шиновариву варзиши сабук ду иҷозатнома (литсензия)-и навбатӣ дода шуд. Мутобиқи қарори муштараки Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, федератсияҳои байнулмилалии дахлдор ва Кумитаи миллии […]

Сайфиддин Қараев


Варзишгарони Тоҷикистон боз ба ду роҳхат ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 соҳиб шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муҳаммадшо Абдуллоев хабар дод,  ба Тоҷикистон дар шиновариву варзиши сабук ду иҷозатнома (литсензия)-и навбатӣ дода шуд.

Мутобиқи қарори муштараки Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, федератсияҳои байнулмилалии дахлдор ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 тибқи низоми «wild-card» ба варзишгарон Екатерина Измайлова (шиноварӣ) ва Владислава Овчаренко (варзиши сабук) насиб шуданд.

Ҳамн тариқ, шумори варзишгарони тоҷик, ки ба роҳхати олимпӣ соҳиб шуданд, ба 15 нафар расид. То имрӯз варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 13 роҳхат ба даст оварда буданд. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.

Ба гуфтаи М.Абдуллоев, Тоҷикистон боз ҷиҳати ба даст овардани иҷозатнома барои иштирок дар Олимиадаи Лондон имкон дорад. Айни замон масъалаи ҷудо кардани квотаҳои олимпӣ ба варзишгарони тоҷик Фарҳод Куралов (варзиши сабук) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.