Сафири нави Туркманистон ба иҷрои вазифа шурӯъ кард

Сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамова ба Душанбе омада, ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кард. Тавре аз сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ахири моҳи майи соли равон бо фармони президенти Туркманистон Чинор Рустамова сафири Туркманистон дар Тоҷикистон таъин шуд. Рустамова қаблан дар вазифаи мушовири сафорати Туркманистон дар Ҳиндустон ифои вазифа мекард. Дар Туркманистони […]

ASIA-Plus


Сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамова ба Душанбе омада, ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кард.

Тавре аз сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ахири моҳи майи соли равон бо фармони президенти Туркманистон Чинор Рустамова сафири Туркманистон дар Тоҷикистон таъин шуд.

Рустамова қаблан дар вазифаи мушовири сафорати Туркманистон дар Ҳиндустон ифои вазифа мекард. Дар Туркманистони кунунӣ Рустамов дуюмини занест, ки ба ӯ мақоми сафири фавқулода ва мухтор дода шудааст.

Соли 1995 ба ин мақом нахуст собиқ вазири тандурустии Туркманистон Аксолтан Отаева сазовор гардида буд. Аз соли 1995 Отаева намояндаи доимии Туркманистон дар назди СММ буда, хамзамон вазифаҳои сафири Туркманистон дар Куба (аз моҳи июли соли 2008) ва Бразилия (аз моҳи июли соли 2011)-ро низ бар дӯш дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.