Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи ломбардҳо»-ро қабул карданианд

Date:


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи ломбардҳо (гаравхона)» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйиироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи судҳои ҶТ», «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дар маҷмӯъ 26 масъала мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

«Бо қарори Шӯро ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 20-уми июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад», – гуфт манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...