Омодагии кормандони ВКД ба таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ пеш аз ҳама ба дӯши кормандони мақомотҳои қудратӣ, бахусус кормандони милитсия вогузор карда шудааст ва то ба имрӯз ҳама ҷашнвора ва маъракаҳои фарҳангию сиёсӣ бо қабулу гусели меҳмонони олиқадри дохилию хориҷӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса мегузаранд. Тавре аз Вазрати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯзҳо низ кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ барои […]

ASIA-Plus


Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ пеш аз ҳама ба дӯши кормандони мақомотҳои қудратӣ, бахусус кормандони милитсия вогузор карда шудааст ва то ба имрӯз ҳама ҷашнвора ва маъракаҳои фарҳангию сиёсӣ бо қабулу гусели меҳмонони олиқадри дохилию хориҷӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса мегузаранд.

Тавре аз Вазрати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯзҳо низ кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ барои гузаронидани ҷашни таърихӣ, ки барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон маҳбубияти хоса дорад, «Ваҳдати Миллӣ» тайёрӣ дида истодаанд. Дар робита ба ин дирӯз Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳомидов Барот, ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо дар назди Сирки давлатии пойтахт ҷамъ намуда, бори дигар риоя намудани сару либоси низомӣ, муошират бо шаҳрвандон ва қабули иштирокчиёни ҷашнвора корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро дар ин самт сафарбар намуд. 

Бояд ёдрас гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри хотирмон гузаронидани ҷашн ва таъмини истироҳату фароғати шабонарӯзии шаҳрвандон омодагии ҳамаҷониба мегиранд.

Дар сурати аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди тафтиш қарор гирифтани шахсони бе қайди ҷойи зист набояд дар изтиробу ташвиш афтод. Зеро тарзи дурусти зиндагӣ, риояи қонун ва одоби шаҳрдорӣ дар пойтахт кафили сулҳу оромист.  Дар алоқамандӣ ба ин шаҳрвандон низ бояд дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояткорона  саҳмгузор бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.