Ҳудуди 50 нафар ба телефони боварии РВКД-и Суғд муроҷиат карданд

Date:


Дар зарфи якуним моҳ ҳудуди 50 нафар шаҳрвандон ба телефони боварии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд муроҷиат карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Раёсати мазкур иттилоъ доданд, 13 муроҷиат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, 13 муроҷиат ба кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ, 8 муроҷиат ба фаъолияти хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ, 3 муроҷиат ба фаъолияти кормандониБДА, 3 муроҷиат ба муносибати ғайриқонунии кормандони корхонаву ташкилот ва 4 муроҷиат ба масъалаи тақисмоти ғайриқонунии қитъаи замин дахл доштааст.

Дар ҷараёни санҷиши минбаъдаи муроҷиатҳо дар 12 ҳолат маълумот тасдиқ гардида, дар асоси маводи санҷидашуда 2 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳафт муроҷиат тасдиқ нагардида, 8 муроҷиат ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст, ки ҷараёни санҷиши онҳо таҳти назорати қатъии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд қарор мегирад. «Санҷиши боз 18 муроҷиати шаҳрвандони вилоят идома дорад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд тавасссути телефони боварӣ бо рақами (84322) 6-22-22 метавонанд бевосита ба сардори Раёсати ВКД-и вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назаров муроҷиат намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...