Шикасти футболбозони ҷавони тоҷик дар вохӯрии аввал

Ахири ҳафтаи гузашта дар доираи мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-22) дар Малайзия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вохӯрии нахуст аз дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 1 бар 2 ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Дастаҳои дигари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Туркманистон ва Қирғизистон низ бозиҳояшонро бохтанд. Дастаи Қирғизистон аз дастаи Сурия бо ҳисоби 0 бар […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта дар доираи мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-22) дар Малайзия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вохӯрии нахуст аз дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 1 бар 2 ба шикаст мувоҷеҳ гардид.

Дастаҳои дигари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Туркманистон ва Қирғизистон низ бозиҳояшонро бохтанд. Дастаи Қирғизистон аз дастаи Сурия бо ҳисоби 0 бар 1 ва тими Туркманистон аз дастаи Ироқ бо ҳисоби 0 бар 4 ба нокомӣ дучор шуданд. Дастаи Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» се бозӣ гузаронида, дар ду бозӣ дастболо шуд ва имкони хуби ба даст овардани роҳхат ба давраи ниҳоиро доро аст.

Сармурабии дастаи Тоҷикистон Кемал Алиспахич пас аз анҷоми вохӯрӣ аз кори доварон изҳори норозигӣ намуда, гуфтааст, довар ду зарбаи 11-метрро ба дарвозаи Баҳрайн таъин накардааст. «Дар бозии оянда ба мо ҳатман ғалаба зарур аст», – иброз доштааст ӯ.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозиҳои дигари дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои Малдив – 25-уми июн, бо Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.