Ба сохтмони терминали нави фурудгоҳи пойтахт ширкати дигари фаронсавӣ машғул мешавад

0
7

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Сохтмони терминали нави фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пас аз имзои қарордод бо паймонкори нав, ки моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, оғоз мегардад.

Зимни нишасти хабарӣ директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Холиқов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки барои муваффақона ба анҷом расонидани сохтмони иншооти мазкур бо ширкати «VINSI»-и Фаронса қарордоди нав ба имзо мерасад.

«Айни замон дар ҳамдастӣ бо мутахассисони ин ширкат оид ба масоили иншооти сохтмонӣ, алоқа, коммуникатсия, таъмини амният ва реҷаи корҳои сохтмонӣ гуфтушуниду машварат идома дошта, пас аз имзои қарордод корҳои сохтмони терминали нав шурӯъ мешаванд», – гуфт вай.

Дар робита ба қарордоди қаблӣ миёни ширкати «Sofema Alfa Airport» ва фурудгоҳ Холиқов гуфт, моҳи майи соли равон оид ба бекор сохтани қарордод байни ҷонибҳо тафоҳумнома ба тасвиб расидааст.

Дар идомаи масъалаи сохтмони терминали нави қабулу гусели мусофирон номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми умумии маблағи сохтмон тағйир ёфтааст. «Ҷониби Фаронса чун пештара 20 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад, ҳаҷми маблағгузории Тоҷикистон бошад, аз 7 млн. то ба 19 млн. Евро зиёд мешавад. Акнун арзиши умумии лоиҳа беш аз 39 млн. Евроро ташкил медиҳад», – афзуд ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь