Зодагони Бадахшон барқарор кардани алоқа бо минтақаро дархост карданд

570 нафар зодагони Бадахшон, ки берун аз вилоят ва дар хориҷи кишвар иқомат доранд, бо дархости барқарор кардани алоқа бо минтақа ба сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров муроҷиат карданд. Таври маълум, муддати ду рӯз аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ идома дорад. Дар муроҷиат ба сардори […]

Меҳрангез Турсунзода


570 нафар зодагони Бадахшон, ки берун аз вилоят ва дар хориҷи кишвар иқомат доранд, бо дархости барқарор кардани алоқа бо минтақа ба сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров муроҷиат карданд.

Таври маълум, муддати ду рӯз аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ идома дорад.

Дар муроҷиат ба сардори Хадамоти алоқа гуфта мешавад, айни замон зодагони Бадахшон, ки берун аз вилоят ва дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, аз вазъи мавҷуда дар шаҳри Хоруғ сахт нигаронанд.

«Муддати 34 соат аст, ки мо наметавонем бо аҳли оилаву наздиконамон тамос бигирем. Мо ҳама дар ташвиш буда, муддати ду рӯз аз вазъ огаҳӣ пайдо карда наметавонем. Сарвари давлат оташбаси пурра дар Хоруғро эълон кард, вале алоқа бо Хоруғ ҳанӯз барқарор нашудааст. Манбаъҳои ғайрирасмӣ дар бораи талафот миёни аҳолии осоишта хабарҳои ташвишовар интишор мекунанд», – зикр гардидааст дар муроҷиатнома.

Зодагони Бадахшон баҳри пешгирии хараҷу мараҷи аз ин бештар ва иғвобарангезиҳо аз роҳбари Хадамоти алоқа дархост кардаанд, ки ҳарчи зудтар ба барқарор кардани алоқа бо шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои дигари ВМКБ мусоидат намояд.

Тибқи маълумоти онҳо, соати 4-и субҳи рӯзи 24-уми июл бо оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ алоқа бо  маркази маъмурии ВМКБ ва як қатор ноҳияҳори минтақа қатъ гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.