Исфара: Ба нишони эътироз ба ҳукм ба рӯи судя кислота пошиданд

Сокини ноҳияи Исфара ба нишони эътироз ба ҳукми содирнамуда ба рӯи судя кислота пошид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат аз вилояти Суғд Файзинисо Воҳидова хабар дод, рӯзи шанбеи 21-уми июл сокини маҳаллӣ Зайнобуддин Ҷӯраев ба кабинети судя Абдуҳамид Давронов ворид шуда, ба рӯи ӯ ксилота пошидааст. З.Ҷӯраев яке аз иштирокчиёни парвандаи ҷиноие будааст, ки баррасии […]

Меҳрангез Турсунзода, Мавлуда Рафиева


Сокини ноҳияи Исфара ба нишони эътироз ба ҳукми содирнамуда ба рӯи судя кислота пошид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат аз вилояти Суғд Файзинисо Воҳидова хабар дод, рӯзи шанбеи 21-уми июл сокини маҳаллӣ Зайнобуддин Ҷӯраев ба кабинети судя Абдуҳамид Давронов ворид шуда, ба рӯи ӯ ксилота пошидааст. З.Ҷӯраев яке аз иштирокчиёни парвандаи ҷиноие будааст, ки баррасии он таҳти раёсати судяи мазкур доир гардидааст.

«Судя ҷароҳатҳои сӯхтаи вазнин бардошта, айни замон табибон барои ҳаёти ӯ мубориза мебаранд. Айни замон маълум шудааст, ки як чашми судя нобино гардидааст», – иттилоъ дод адвокат Ф.Воҳидова.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Исфара Алиҷон Маҳмудов хабар дод, 27%- рӯй ва дигар узвҳои судя ҷароҳатҳои сӯхта бардоштааст.

Ба қавли Ф.Воҳидова, З.Ҷӯраев муддати солҳои зиёдест, ки аз рӯйи масъалаи амволӣ дар суди Исфара баҳс дорад. Соли 2003 суди ноҳияи Исфара оид ба манзили зисти аз падараш боқимонда ба манфиати З.Ҷӯраев ҳукм содир намуд. Вале соли равон яке аз хешовандони Ҷӯраев, ки ӯ низ ба ин амвол ҳақталабӣ дорад, дубора даъво пеш оварда, ин дафъа суд ба манфиати даъвогари нав ҳукм содир кард.

Дар ҳамин ҳол, Воҳидова зикр кард, ки айни замон Ҷӯраев боздошт шуда, нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 356-и КҶ ҶТ (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ё таҳқиқи  ибтидоӣ ё тафтишоти пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Ӯ иброз дошт, ки ин амал нишони эътироз ба низоми судӣ аст. «Аҳолӣ аллакай ҳама гуна сабру таҳаммулро аз даст дода, ба адолати судӣ эътимод надорад, аз ин рӯ, одамон ба чунин амалҳо даст мезананд. Ин нишони эътирози аҳолӣ ба тамоми низоми судии Тоҷикистон аст», – чунин мешуморад Воҳидова.

Ин нахустин ҳодиса дар Тоҷикистон аст, ки иштирокчии мурофиаи судӣ бо чунин амал норозигии худ ба ҳукми содиршударо баён менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.