Amnesty International аз шиканҷаи гумонбари қатли язнаи президент хабар медиҳад

Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз маълумот перомуни дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гирифтани гумонбар ба қатли ҳамсари хоҳари президент изҳори нигаронӣ намудааст. Дар изҳороти интишоргардидаи созмон зикр мегардад, ки айбдоршаванда Д.К.-и 45-сола санаи 13-уми июл боздошт гардида, ба ӯ мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 195, қ. 1 […]

ASIA-Plus


Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз маълумот перомуни дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гирифтани гумонбар ба қатли ҳамсари хоҳари президент изҳори нигаронӣ намудааст.

Дар изҳороти интишоргардидаи созмон зикр мегардад, ки айбдоршаванда Д.К.-и 45-сола санаи 13-уми июл боздошт гардида, ба ӯ мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 195, қ. 1 (Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа) айбнома пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи адвокати айбдоршаванда, бо мақсади гирифтани баёнотҳои иқрори гуноҳ зерҳимояи ӯ аз ҷониби кормандони хадамоти фаврии гурӯҳи тафтишотии ҷинояти мазкур лату кӯб шудааст.

Аз рӯзи нахусти боздошт дастрасӣ ба адвокат барои ӯ маҳдуд шуда, ӯ дар тавқифгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. «Хабар расид, ки нисбат ба боздоштшуда методҳои ғайриқонунии тафтишот истифода мешаванд. Аз ҷумла бо таҳдиди зарар ба ҳамсару кӯдаконаш ба ӯ фишорӣ равонӣ оварда, ӯро шабона хобидан намегузоранд ва маҷбур месозанд, ки соатҳо рост биистад. Осори шиканҷаву лату кӯбро ба осонӣ метавон бо як нигоҳ аз чеҳраи ӯ ба хубӣ пай бурд», – иттилоъ медиҳад Amnesty International.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ба он таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, ки дар ҷараёни кофтукови нахусти манзили айбдоршаванда ҳеҷ далели шайъии исботи даст доштани ӯ дар ин ҷиноят дарёфт нагардид. «Зимни кофтукови такрорӣ, ки бо нақзи меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ гузаронида шуд, тирҳои таппончаи Макаров дарёфт гардиданд ва гумонбаршуда дарҳол изҳор кард, ки ин тирҳо ба ӯ тааллуқ надоранду аз ҷониби касе партофта шудаанд», – иброз дошт адвокат.

Amnesty International иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 21-уми июл адвокати гумонбаршуда дар бораи гузаронидани ташхиси таъҷилии тиббӣ дархост кардааст, вале ба ин аз ҷониби роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ посухи рад гирифтааст.

Созмон ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки тибқи хабари расида, ҳамсар ва писари гумонбаршуда ба додани баёноти сохта маҷбур шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.