Нигаронии САҲА аз маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон

Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович аз қатъи дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» – www.news.tj изҳори нигаронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки ба манъи дастрасӣ ба ин ва дигар сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон хотима дода шавад. Ёдрас мекунем, ки муддати зиёда аз як шабонарӯз дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории […]

ASIA-Plus


Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович аз қатъи дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» –

www.news.tj

изҳори нигаронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки ба манъи дастрасӣ ба ин ва дигар сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон хотима дода шавад.

Ёдрас мекунем, ки муддати зиёда аз як шабонарӯз дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон қатъ гардида буд. Имрӯз қисмате аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаро барқарор намуданд.

Дар изҳороти чанде қабл интишорнамудаи худ Дуня Миятович изҳор доштааст, ки ин тамоили шигифтангез аст, зеро бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон қатъ карда мешаванд.

«Мутобиқи уҳдадориҳо оид ба озодии ВАО, ки кишварҳои узви САҲА ба зимма доранд, шабакаи Интернет бояд сарчашмаи кушоди маълумот бошад. Ҳарчанд масоили таъмини амният муҳим бошанд ҳам, вале онҳо набояд ба ҷараёни пешниҳоди озоди маълумот монеъа эҷод созанд. Одамон барои гирифтани маълумот аз сарчашмаҳои гуногун ва васоити ахбори умум ба инъикоси рӯйдодҳо бояд имконият дошта бошанд», – гуфтааст Миятович.

Дар изҳороти намояндаи САҲА ҳамчунин гуфта мешавад, ҳукуматдорон бояд ба таъмини дастрасӣ ба интернет кафолат дода, ҳарчи зудтар маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи

www.news.tj

ва дигар торнамоҳоро бекор намоянд.

Дар посух ба изҳороти сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи таъсиси як комиссияи махсуси мониторинги маводи интернет, намояндаи САҲА изҳори умедворӣ намудааст, ки ин нақшаҳо ҳадафи полоиши (филтркунии) интернет-контентро дар пай нахоҳанд дошт.

«Дар мактуби худ аз 19-уми июл ба унвони вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ман изҳор кардам, ки намояндагии САҲА оид ба масоили озодии ВАО ба пешниҳоди ташхис оид ба ин масъала ва дигар масоили марбут ба озодии ВАО бо шумули Интернет омода аст», – зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.