Ҳамдардии раиси вилояти Суғд ба аҳли оилаи ҳалокшудагон дар Хоруғ

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси Шӯрои уламои вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода бо аҳли оилаи афсарону сарбозони ҳалокшуда дар амалиёти низомии Хоруғ аз вилояти Суғд мулоқот карда, ба онҳо ҳамдардӣ изҳор намуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда онҳо аҳли оилаи фавтидагон – афсари Кумитаи давлатии амнияти […]

Мавлуда Рафиева


Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси Шӯрои уламои вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода бо аҳли оилаи афсарону сарбозони ҳалокшуда дар амалиёти низомии Хоруғ аз вилояти Суғд мулоқот карда, ба онҳо ҳамдардӣ изҳор намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда онҳо аҳли оилаи фавтидагон – афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сокини деҳоти Қаермаи ноҳияи Шаҳристон Шуҳрат Отабоеви 32-сола ва аҳли оилаву наздикони сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, прапоршик Абдумаҷид Назарови 23-соларо зиёрат намуданд.

Раиси вилоят ва раиси Шӯрои уламои вилоят ҳамчунин ба аҳли оила ва наздикони сарбози 20-сола, сокини ҷамоати Шинги ноҳияи Панҷакент Фирдавс Раҳимов низ ҳамдардӣ изҳор карданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ 18 нафар афсарону сарбозони нерӯҳои ҳукумат ва 20 тан аз ҷангиёни ҷониби мухолиф ба ҳалокат расиданд. Миёни аҳолии осоишта низ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.