Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба қумондонҳои Бадахшон

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯйи далели барнагардонидани қарзҳои бонкӣ нисбати собиқ қумандони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Ёдгор Мамадасламов, собиқ муовини сардори гурӯҳи марзбонии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Толиб Айёмбеков ва наздикони онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 11-уми сентябри соли 2008 бо супориши Мамадасламов Ёдгор ҳамсари бародари вай […]

Аваз Юлдошев


Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯйи далели барнагардонидани қарзҳои бонкӣ нисбати собиқ қумандони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Ёдгор Мамадасламов, собиқ муовини сардори гурӯҳи марзбонии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Толиб Айёмбеков ва наздикони онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 11-уми сентябри соли 2008 бо супориши Мамадасламов Ёдгор ҳамсари бародари вай Оламбибӣ Гулдарбоғова, истиқоматкунандаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон аз бахши № 66 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ бо 20%-и солона ба мӯҳлати ду сол дар ҳаҷми 350 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ мегирад.

Сипас онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда қарз бо фоизҳояшро барнагардонида, барои эҳтиёҷоти худ масраф кардаанд. Айни замон маблағи тасарруфнамудаи онҳо бо фоизаш 695 ҳазору 847 сомониро ташкил медиҳад, ки ин зарари ҷиддӣ ба манфиатҳои «Амонатбонк» мебошад.

Прокуратураи генералӣ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 16-уми июни соли 2010 Толиб Айёмбеков ва писараш Ғуломалӣ Абдураҳмонов низ барои рушди фаъолияти соҳибкориашон аз ҳамин бахши «Амонатбонк» дар ҳаҷми 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, вале дар мӯҳлати муқарраршуда онро барнагардонидаанд. Феълан ҳаҷми маблағҳои азхудшуда бо фоизҳояш 587 ҳазору 195 сомониро ташкил медиҳад.

«Мутобиқи қарори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон, нисбати Мамадасламов Ё., Гулдарбоғова О.Т., Аёмбеков Т.А. ва Абдураҳмонов Ғ.Т. бо аломатҳои пешбиникардаи банди «б», қисми 3, моддаи 246 КҶ ҶТ (Тасарруфи воситаҳои пулии ба сифати қарз додашуда) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд», – таъкид мегардад дар иттилои Прокуратураи генералӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.