Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе

Рӯзи шанбе, 18-уми август, ба муносибати Иди Рамазон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии кишвар дар пойтахти ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ярмарка дар назди бозори Қарияи Боло доир мегардад.  Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулоти худ, аз ҷумла сабзавоту мева, гӯшт, асал […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи шанбе, 18-уми август, ба муносибати Иди Рамазон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии кишвар дар пойтахти ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ярмарка дар назди бозори Қарияи Боло доир мегардад.

 Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулоти худ, аз ҷумла сабзавоту мева, гӯшт, асал ва ғайраро бо нархҳои нисбатан арзон  ба сокинони шаҳри Душанбе пешкаш мекунанд.

Интизорӣ меравад, ки дар ярмарка фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандагони шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ ва ҳамчунин КВД «Парандапарварӣ, КВД «Моҳии Тоҷикистон» ва КВД «Асали Тоҷикистон» ба роҳ монда хоҳад шуд.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.