Қатли яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон дар Хоруғ

Яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров шаби гузашта дар манзилаш бо сабабҳои то ҳол норӯшан кушта шуд. Бино ба маълумоти манбаъҳои гуногуни муътамади ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ, шаби гузашта ба И.Имомнзаров дар манзили зисташ дарафтодаанд. Ҳамчунин наздикони ӯ, аз ҷумла бародараш низ захмӣ шуда, ба беморхона мунтақил гардидаанд. То ҳанӯз аз ҷониби кӣ сурат […]

Asia-Plus


Яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров шаби гузашта дар манзилаш бо сабабҳои то ҳол норӯшан кушта шуд.

Бино ба маълумоти манбаъҳои гуногуни муътамади ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ, шаби гузашта ба И.Имомнзаров дар манзили зисташ дарафтодаанд. Ҳамчунин наздикони ӯ, аз ҷумла бародараш низ захмӣ шуда, ба беморхона мунтақил гардидаанд. То ҳанӯз аз ҷониби кӣ сурат гирифтани ин ҳамла маълум нест.

И.Имомназаров муддати 20 сол аст, ки маъюби гурӯҳи аввал буда, мустақилона роҳ рафтан барояш ғайриимкон буд.

Бино ба маълумотҳои расида ба ОИ «Азия-Плюс», ахиран бар асари касалии қанд дар бадани ӯ яраҳо пайдо шуда, аз ин рӯ, ӯ бистарӣ будааст.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон Имомназар Имомназаровро дар қатори боз се нафар пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гаравгонгирӣ ва саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам намуд.

Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳеҷ гунае ин қазияро шарҳ намедиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.