Баррасии қазияи латукӯби узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Панҷ

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ ба баррасии далели латукӯби узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сардабири ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода оғоз кард. Номбурда зимистони соли гузашта дар Душанбе аз ҷониби афроди номаълум мавриди латукӯб қарор гирифта буд. Дар робита ба ин масъала муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» […]

Меҳрангез Турсунзода


Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ ба баррасии далели латукӯби узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сардабири ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода оғоз кард. Номбурда зимистони соли гузашта дар Душанбе аз ҷониби афроди номаълум мавриди латукӯб қарор гирифта буд.

Дар робита ба ин масъала муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки «айни замон ин парванда ба гунае баррасӣ мешавад, ки гӯё ин ҳодиса ба иллати муносибатҳои оилавӣ ба вуқӯъ пайвастаааст ва ШКД-и ноҳияи Панҷ хостори ҳарчи зудтар қатъ кардани ин парванда аст».

«Ҳанӯз баҳори гузашта Ҳ.Сайфуллозода ба мақомоти додситонии ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат карда буд, вале бо гузашти моҳҳои зиёде дар тафтишоти қазия ҳеҷ пешравие ба мушоҳида нарасид. Аз ин рӯ, ахири соли гузашта роҳбарияти ҳизб ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд, вале ба мактуб аз онҷо посухи расмӣ надоданд. Танҳо прокурори генералӣ шифоҳӣ ба мо ваъда дод, ки тафтишоти ин қазияро таҳти назорати шахсии худ қарор медиҳад. Аммо кунун ба мо маълум шуд, ки бо супориши ВКД ба баррасии ин масъала ШКД-и ноҳияи Панҷ машғул будааст», – зикр кард М.Ҳаит.

Муовини раиси ҲНИТ аз он изҳори тааҷҷуб мекунад, ки Ҳ.Сайфуллозода дар шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор гирифтаву вале парвандаи ҷиноӣ дар ноҳияи Панҷ баррасӣ мешавад. «Ба мо ҳам маълум нест, ки чаро кор ин тавр сурат гирифт. Тибқи ваъда ин парванда бояд таҳти назорати шахсии прокурори генералӣ қарор дода мешуд, вале имрӯз он дар ШКД-и ноҳияи Панҷ баррасӣ шуда, муфаттиш Саидалии Маҳмадалӣ ба тафтиши он машғул аст», – мегӯяд Маҳмадалии Ҳаит.

Ба эътиқоди М.Ҳаит, сардабири ҳафтавори «Наҷот» Ҳ.Сайфуллозода ба иллати фаъолияти касбиаш латукӯб шудааст. «Ба муносибатҳои оилавӣ рабт додани ин қазия аз ҷониби ШКД-и ноҳияи Панҷ ҳеҷ маъное надорад. Ин ба муносибатҳои оилавӣ дахле надошта, қазияи соф сиёсӣ аст, ки бевосита ба фаъолияти касбии ӯ марбут аст», – афзуд ҳамсуҳбат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.