Қарзҳои имтиёзноки «Агроинвестбонк» ба корхонаҳои хурди ҷануби кишвар

Бо назардошти муроҷиати сарвари давлат оид ба расонидани кӯмаки молиявӣ ба соҳибкорону тоҷирон, ҶСК «Агроинвестбонк» ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои хурди гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии бонки мазкур дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, аз 16 корхонаи хурди минтақа дархости қарз дар ҳаҷми […]

Турко Дикаев


Бо назардошти муроҷиати сарвари давлат оид ба расонидани кӯмаки молиявӣ ба соҳибкорону тоҷирон, ҶСК «Агроинвестбонк» ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои хурди гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии бонки мазкур дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, аз 16 корхонаи хурди минтақа дархости қарз дар ҳаҷми 3 млн. 625 ҳазор доллари ИМА қонеъ карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, давоми моҳҳои июл ва август ба маблағи 250 ҳазор доллари ИМА қарзҳои нахустин пешниҳод шуда, дархостҳои боқимонда мавриди омӯзиш ва маблағгузорӣ қарор доранд. «Миёни қарзгирандагон мизоҷони боэътимоди мо низ ҳузур доранд, ки барои онҳо қарзҳо на таври маъмулӣ барои як сол, балки барои 1,5 сол дода мешаванд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 6 моҳи соли равон ҶСК «Агроинвестбонк» дар ин минтақа 29 млн. сомонӣ қарзҳо пешниҳод намудааст, ки 5 млн. 178 ҳазор сомонии онро корхонаву муассисаҳои соҳаи саноат, сохтмон ва нақлиёт дасрас кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.