БАОР бозистии рушди рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

Аз маълумоти Агентии омори ИДМ оид ба натоиҷи нимсолаи соли 2012 бармеояд, ки дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,4 афзуда, он бештар ба истеъмол марбут аст, – изҳор доштааст сардори шуъбаи таҳлили кишварии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Элвира Курманалиева. «Афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12% назаррас буда, бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот […]

Пайрав Чоршанбиев


Аз маълумоти Агентии омори ИДМ оид ба натоиҷи нимсолаи соли 2012 бармеояд, ки дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,4 афзуда, он бештар ба истеъмол марбут аст, – изҳор доштааст сардори шуъбаи таҳлили кишварии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Элвира Курманалиева.

«Афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12% назаррас буда, бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот дар саноати бофандагиву дӯзандагӣ (1,9 баробар) ва саноати хӯрокворӣ (4,5%) таъмин гардидааст», – гуфтааст вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат бозистии начандон назарраси рушди иқтисод аз 7,4% дар соли 2011 то ба ҳудуди 6-6,5% дар соли равонро метавон интизорӣ дошт.

«Пеш аз ҳама ин ба бозистии умумии рушди иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла бозистии рушди иқтисоди кишварҳои асосии ҳамшарики Тоҷикистон ва давлатҳои мададрасон вобаста аст», – гуфтааст таҳлилгари БАОР.

Ба қавли Э.Курманалиева, солҳои ахир муҳаррики асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон бахши истеъмол – савдо, сохтмон ва соҳаи хизматгузорӣ аст, ки дар навбати худ ба интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар вобастагии зиёд доранд.

Таҳлилгари бонки мазкур бар ин назар аст, ки заъифии бахши бонкӣ ва сатҳи назарраси дороиҳои истифоданашуда дар бахши бонкӣ боз яке аз хатарҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.