Бозгашти тоҷикони беҳуҷҷат ба ватан аз Абхозистон

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо мақомоти дахлдори давлатии Русия ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия муяссар гардид, ки чанде қабл ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути транзит ба Сочи аз Абхозистон ба ватан баргардонад. Онҳо муддати ним сол дар Абхозистон қарор доштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, зодагони шаҳри Исфара […]

Аваз Юлдошев


Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо мақомоти дахлдори давлатии Русия ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия муяссар гардид, ки чанде қабл ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути транзит ба Сочи аз Абхозистон ба ватан баргардонад. Онҳо муддати ним сол дар Абхозистон қарор доштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, зодагони шаҳри Исфара ва ноҳияи Вахш Нурулло Абдуллоеви 32-сола ва Суннатулло Иброҳимови 23-сола шаш моҳ пеш тавассути қаламрави Русия ба Абхозистон рафтаанд, вале ба иллати надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, хадамоти марзбонии Русия дигарбора онҳоро ба қаламрави Русия роҳ надодааст.

«Бо назардошти дархостҳои чандинбораи сафорати Тоҷикистон ва намояндагони диаспораи тоҷикони шаҳри Сочи, ҳукуматдорони Русия ба таври истисно ба вуруди транзитии онҳо тавассути қаламрави Русия иҷозат доданд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки шаҳрвандони зикршудаи Тоҷикистон чанде қабл бо хатсайри ҳавоии Сочи-Душанбе озими ватан шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.