spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо иди саиди Рамазон табрик гуфт.

Дар паёми табрикотии худ сарвари давлат зикр кард, ки маҳз ба шарофати истиқлолият ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон мардуми мо ба дину ойинҳои аҷдодии худ ҳамчун сарчашмаи поки ахлоқиву маънавӣ рӯ оварда, ба суннату анъанаҳои дини мубини ислом озодона арҷ мегузоранд.

«Бинобар ин, мо идҳои Рамазону Қурбонро ба феҳристи идҳои миллӣ ворид кардаем ва имрӯз тамоми мардуми мусулмони кишварамон ин маросиму суннатҳои миллиро дар иҳотаи аҳли хонавода, хешу ақрабо ва дӯстону ҳамсоягон таҷлил менамоянд», – гуфт ӯ.

Дар паёми табрикоти сарвари давлат қайд мешавад, ки арзишу фазилатҳои моҳи Рамазон инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, анҷом додани амалҳои хайру саховат, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунанд ва аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон гуфтаанд.

Дар паём изҳор гардид, ки мардуми кишвар бояд сабақу оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвндиро дар хотир дошта, набояд ҳаргиз фаромӯш созанд, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ бар ивази чӣ қадар талафоту хисороти ҷониву молӣ ба даст омадааст.

Ҳамчунин дар паём Эмомалӣ Раҳмон аз афроди дорову сарватманд даъват ба амал овард, ки дар иди Рамазон ба қишри иҷтимоии осебпазири ҷомеа дастӣи ёрӣ дароз намоянд.

Мувофиқи қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ, иди Рамазон дар Тоҷикистон санаи 19-уми август таҷлил мегардад. Соати 7-у 30 дақиқаи субҳ дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ намози ид баргузор мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...