В.Чиркин: Шартномаи ҳузури пойгоҳи низомӣ соли 2013 ба имзо мерасад

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия генерал-полковник Владимир Чиркин изҳор кард, ки шартномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон нимаи аввали соли 2013 ба имзо мерасад. «Айни замон шартҳои қарордод мавриди ҳаллу фасл қарор доранд. Русия имзои шартнома ба муҳлати 49 солро пешбинӣ мекунад ва то охири моҳи март барои баргузории машваратҳо […]

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия генерал-полковник Владимир Чиркин изҳор кард, ки шартномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон нимаи аввали соли 2013 ба имзо мерасад.

«Айни замон шартҳои қарордод мавриди ҳаллу фасл қарор доранд. Русия имзои шартнома ба муҳлати 49 солро пешбинӣ мекунад ва то охири моҳи март барои баргузории машваратҳо ҷиҳати таҳияи шакли ниҳоии созишнома муҳлат дода шудааст», – изҳор доштааст номбурда дар мусоҳиба ба радиои «Эхо Москвы».

Дар ин мусоҳиба Чиркин зикр кардаааст, ки Тоҷикистон аз Русия кӯмаки хеле зиёди молӣ дархост намудааст, ки садҳои миллион доллар дар як солро ташкил медиҳад.

Қаблан рӯзномаи Взгляд иттилоъ дода буд, ки муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев ва роҳбари Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рамил Нодиров оид ба тақдири минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия гуфтушунид анҷом доданд.

Ба иттилои сарчашмаҳои гуногун, дар қарордод шартҳои ройгони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 29 соли минбаъда пешбинӣ шудаанд, вале ин муҳлат метавонад тағйир дода шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.