Боҷи содиротии бензини Русия боз боло рафт

spot_imgspot_img

Дата:


Аз 1-уми октябр қимати боҷи содиротии Русия ба маҳсулоти нафтӣ 25 доллари ИМА афзуда, аз 393,8 $-и моҳи сентябр то ба 418,9 $ барои як тонна боло рафт. Аммо дар Тоҷикистон ба бекор шудани боҷи содиротӣ умедворанд. Зимни сафари Путин ба Душанбе ин масъала дар меҳвари гуфтушунидҳо қарор хоҳад дошт.

Шурӯъ аз соли 2010 Тоҷикистон доир ба бекор кардани боҷи содиротӣ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия бо ҳукумати ин кишвар гуфтушунид дорад, вале то ҳанӯз гуфтушунидҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар дидори қарибулвуқӯи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар Душанбе ин масъала ҳатман баррасӣ хоҳад шуд.

«Барои Тоҷикистон ин масъала хеле муҳим аст, зеро агар боҷи содиротӣ бекор гардад, қимати бензин аз 6,5 сомонӣ то 4,5 сомонӣ поин меравад. Ин масъала ҳатман баррасӣ мешавад, вале аз натиҷаҳои он алҳол чизе гуфта наметавонем», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон идома дорад. Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 245,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,6 ҳазор тонна камтар мебошад. Воридоти бензин 109,4 ҳазор тонна ё худ 4,6% аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 44 ҳазор тонна камтар аст.

Қобили зикр аст, ки феълан 62,7%-и маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад ва аз соли гузашта ҳиссаи ин кишвар дар воридот ба андозаи беш аз 20% кам шуд. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи Туркманистон дар воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон афзуда, аз 11%-и соли гузашта то 19,8% боло рафт.

Дар дохили Тоҷикистон аз оғози сол 485,9 тонна маҳсулоти нафтӣ истеҳсол шудааст, ки ҳамагӣ 2% аз талаботи умумии кишвар ба маҳсулоти нафтиро ташкил медиҳад. Ҳамасола ҷумҳурӣ ба зиёда аз 600 ҳазор тонна сӯзишворӣ эҳтиёҷ дорад ва агар ҳамасола ба ҳисоби миёна 40 ҳазор адад нақлиёти автомобилӣ ворид карда шавад, пас ин эҳтиёҷ дар ҳоли афзоиш аст.

Болоравии нархи бензин ба он оварда расонид, ки аксари воситаҳои нақлиёт ба истифодаи гази моеъ гузаранд ва айни замон дар Тоҷикистон беш аз 40%-и автомашинаҳо бо ин навъи сӯзишворӣ кор мекунанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...