Ҳалокати 6 нафар дар садамаҳои нақлиёт тӯли як шабонарӯз

Шабонарӯзи гузашта бар асари чор садамаи нақлиёт шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар қаламрави шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Ҷовид Маҳмадҷонови 28-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа ронанда ва ду мусофири автомашина – Бибиҳанифа Маҳмадҷоноваи 55-сола […]

Аваз Юлдошев


Шабонарӯзи гузашта бар асари чор садамаи нақлиёт шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар қаламрави шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Ҷовид Маҳмадҷонови 28-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа ронанда ва ду мусофири автомашина – Бибиҳанифа Маҳмадҷоноваи 55-сола ва Насиба Ҷамолиддиноваи 5-сола ба ҳалокат расиданд. Ду тан мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ҳодисаи дигар дар роҳи мошингарди Данғара-Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайваст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» Ҷумъахон Шарифови 27-сола ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» тахти идораи Муҳаббат Холматови 61-сола бармехӯрад. Дар натиҷаи ин садама як зан фавтидааст, ки шахсияташ ҳанӯз маълум нест. Ронандагон ва як мусофири дигар дар беморхона бистарӣ шуданд.

Боз як ҳодисаи садамаи нақлиёт дар Ваҳдат рух дод. Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 31-солаи ноҳияи Файзобод Абдурозиқ Неъматов роҳгузар Олга Брединаи 54-соларо пахш мекунанд, ки бар асари он зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин дар Ваҳдат ронандаи автомашинаи «КАМАЗ-5511», сокини 21-солаи ноҳияи Ваҳдат Бахтовар Солеҳов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи боркаши бузургҳаҷм чаппа мешавад. Ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст