Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Индонезия дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Асруҳинро бинобар сабаби анҷоми ваколати дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба фаъолияти гуногунсоҳаи сафирии ҷаноби Муҳаммад Асруҳин дар мамлакати мо, раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, равобит дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, туризм, кишоварзӣ, фарҳанг ва илму маориф изҳори назар карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия дар соҳаи илму маориф дахл намуда, тазаккур дод, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Индонезия тақрибан 100 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. «Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Ҷумҳурии Индонезия дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун таҷрибаи кофӣ дорад, мо алоқаманди афзоиш ёфтани шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии ин кишвар ҳастем», – гуфт ӯ.
Дар навбати худ, сафири Индонезия дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Асруҳин иброз дошт, ки бо ташаббуси сафорати Индонезия дар Тоҷикистон дар охири моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо мақсади шиносоии бештари аҳолии Тоҷикистон бо фарҳанг ва тамаддуни Ҷумҳурии Индонезия маҳфили фарҳангӣ баргузор намуда, дар бораи таърих, фарҳанг ва дигар соҳаҳои кишвари худ маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад кард.



