Ҳ.Зарифӣ сафири нави ИМА-ро ба ҳузур пазируфт

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи cафири навтаъини Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотро қабул намуд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуда, ҳавасмандии ҳар ду кишварро ба тавсеаи минбаъдаи равобити мутақобилан судманд изҳор доштанд. Ёдрас мекунем, ки Сюзан […]


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи cафири навтаъини Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотро қабул намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуда, ҳавасмандии ҳар ду кишварро ба тавсеаи минбаъдаи равобити мутақобилан судманд изҳор доштанд.

Ёдрас мекунем, ки Сюзан Эллиот санаи 11-уми апрели соли равон сафири ИМА дар Тоҷикистон таъин шуд. Қабл аз ӯ аз соли 2009 Кеннет Гросс ба ҳайси сафири ИМА дар Тоҷикистон фаъолият дошт. Сюзан Эллиот қаблан дар вазифаи муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Вазорати корҳои хориҷии ИМА кор кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.