Ёди инсони наҷибу рӯзноманигори пуркор

Имрӯз хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов, ки 16-уми январи соли 2009 дар сини 62-солагӣ ногаҳон аз олам даргузаштанд, 65-сола мешуданд. Тамоми шахсоне, ки замоне бо Баҳром Маннонов сарукор доштанд, имрӯз бо некӣ аз ӯ ёд мекунанд. Вакили палатаи поёнии парлумон кишвар, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, Баҳром Маннонов яке аз аввалинҳо […]


Имрӯз хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов, ки 16-уми январи соли 2009 дар сини 62-солагӣ ногаҳон аз олам даргузаштанд, 65-сола мешуданд.

Тамоми шахсоне, ки замоне бо Баҳром Маннонов сарукор доштанд, имрӯз бо некӣ аз ӯ ёд мекунанд.

Вакили палатаи поёнии парлумон кишвар, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, Баҳром Маннонов яке аз аввалинҳо буд, ки ба инъикоси фаъолияти парлумон дар ВАО ҳусни оғоз бахшид. «Маводи таҳиянамудаи Б.Манноновро вакилони мардумӣ хуш қабул доштанд, зеро онҳо бо ҳақиқатбаёниву воқеънигорӣ ба ҳама маъқул буданд, – гуфт ӯ. – Чизи дигаре, ки аз Баҳром Маннонов ҳамчун  инсон ва журналист дар хотири ман абадӣ нақш бастааст, дарки моҳияти қонунҳо ва хоксории ӯст».

Номбурда ҳамчунин гуфт, хусусияти муҳими фаъолияти рӯзноманигории Б.Маннонов дар он ифода мегардид, ки дар маводи ӯ ғаразҷӯӣ, дағалӣ ё носаҳеҳӣ ба мушоҳида намерасид.

Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов изҳор кард, ки маводи тҳиянамудаи Баҳром Маннонов барои аксари хадамоти матбуоти вазорату идораҳо як дастури корие буд, ки аз он тарзи инъикоси ин ё он рӯйдодҳо омӯхта мешуданд.

Ҳамқаламони Б.Маннонов зикр мекунанд, ки ӯ тамоми дарди инсонӣ ва мушкилотро хеле наздик ба дил қабул мекард ва ин дил 16-уми январи соли 2009 дигар тоб наовард… 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.