9 соли ҳукми зиндон ба як зани хатлонӣ ба ивази 10 ҳазор $

Date:


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, зани 40-сола ба 9 соли зиндон маҳкум гардид.

Суди шаҳри Хуҷанд ӯро дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) ва 32, қ. 3 – 289, қ. 2 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят – Қочоқ) гунаҳкор донист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд итилоъ доданд, зан муҳлати ҷазоро дар зиндони низоми умумӣ адо мекунад.

Қобили зикр аст, ки М.Ш.-и 40-сола аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд санаи 27-уми майи соли равон дар микрорайони 34-уми шаҳри Хуҷанд боздошт гардида буд. Ҳангоми кофтуков аз ӯ ба миқдори беш аз ним кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид, ки ӯ онро дар дохили меъдааш тавассути ҳавопаймо ба Русия интиқол доданӣ будааст. Барои иҷрои ин кор ба ӯ 10 ҳазор доллари ИМА ваъда додаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...