Талоши табибон баҳри наҷоти биноии Барзу Абдураззоқов

Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқовро хатари маҳрумият аз биноӣ таҳдид мекунад. Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» номбурда гуфт, бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд. «Ҳангоми сабз будани чароғаки светофор ман аз роҳгузари назди бинои телевизони «Сафина» мегузаштам, ки ин дам ба ман автомашинаи «ба тӯй саросема» бархӯрд. […]


Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқовро хатари маҳрумият аз биноӣ таҳдид мекунад. Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» номбурда гуфт, бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд.

«Ҳангоми сабз будани чароғаки светофор ман аз роҳгузари назди бинои телевизони «Сафина» мегузаштам, ки ин дам ба ман автомашинаи «ба тӯй саросема» бархӯрд. Ман ба оинаи пеши автомашина бархӯрда, якчанд метр ба қафо партофта шудам. Моликони мошин маро ба беморхона бурданд», – гуфт вай.

Ба қавли коргардон, муддати чанд рӯзи пас аз садама нури чашмони ӯ бо суръати хеле зиёд паст шуда, санҷиш нишон додааст, ки биноии чашми рости ӯ ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад ва агар фавран муолиҷа оғоз нагардад, метавонад аз чашми чапаш ҳам маҳрум гардад.

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ба ронанда ҳеҷ даъвое надорад. «Ӯ ба тӯйи бародараш маҳсулот мебурд ва шитоб дошт. Онҳо маро партофта нарафтанд, вале баъдтар ҳангоме ҳамсарам баъзе чизҳоро мушаххас карданӣ шуд, ба зангҳи телефонӣ посух надоданд», – афзуд номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.