Роҳбарони ПСС кишварҳои ИДМ дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Date:


Фардо, 19-уми октябр, дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Русия, Украина, Белорус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок мекунанд.

Интизорӣ меравад, ки нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сухани табрикотӣ иштирокчиёни ҷаласаро хайра мақдам хоҳад гуфт.

Дар ҷаласа аз фаъолияти даҳсолаи Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ натиҷагирӣ шуда, дурнамои рушд ва ҳамчунин тақвияти равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, иштирокчиёни ҷаласа атрофи баргузории чорабиниҳои муштарак, аз қабили намоишгоҳу ярмаркаҳо дар соли 2013 таҳти сарпарастии Шӯро табодули назар хоҳанд кард. Дар чаҳорчӯби ҷаласа намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои пешсафи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ ахири моҳи декабри соли 2002 дар Маскав таъсис дода шуд. Дастгирии рушди соҳибкорӣ дар қаламрави ИДМ, табодули маълумоту таҷриба дар бахши иқтисод ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи сармоягузорӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии фаъолияти Шӯро маҳсуб меёбанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...