Тоҷикистон дар Универсиадаи Қазон иштирок мекунад

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён – Универсиада-2013-и Қазон ширкат хоҳанд варзид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Универсиадаи Қазон, то имрӯз 60 кишвари ҷаҳон бо шумули Тоҷикистон иштироки дастаашон дар Универсиадаро тасдиқ кардаанд. Дар робита ба ин масъала сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Наргис Набиева […]


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён – Универсиада-2013-и Қазон ширкат хоҳанд варзид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Универсиадаи Қазон, то имрӯз 60 кишвари ҷаҳон бо шумули Тоҷикистон иштироки дастаашон дар Универсиадаро тасдиқ кардаанд.

Дар робита ба ин масъала сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Наргис Набиева изҳор кард, ки расо як сол қабл аз оғози бозиҳо – санаи 6-уми июл даъвати иштирок дар Универсиада-2013 ба кумита расидааст.

«Иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар ин бозиҳо ба нақшаи тақвимии кумита дохил шуда, вале ба масъалаи фиристодани варзишгарон ба Қазон федератсияҳо мустақилона машғул мешаванд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Набиева, то имрӯз танҳо Федератсияи гӯштини камарбанди ҷумҳурӣ иштироки намояндагонаш дар ин бозиҳоро тасдиқ намуда, иштирокчиёни дигар аз кишвар баъдтар маълум хоҳанд шуд.

Бино ба пешгӯиҳои созмондиҳандагони ин бозиҳо, дар мусобиқоти Универсиада-2013-и Қазон аз иштироки ҳудуди 13 ҳазор варзишгарон аз зиёда аз 170 кишвари дунё интизорӣ меравад. Бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён дар Қазон аз 6 то 17-уми июл доир гардида, қувваозмоиҳо аз рӯи 27 навъи варзиш сурат мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.