Суғд: Ҳалокати раҳгузари хурдсол дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд як духтари ноболиғ ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини шаҳри Чкаловск Нигина Усмоноваи 25-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Конибодом-Ғафуров-Деҳмой дар километри 62-юм, воқеъ дар рӯ ба рӯи ҳавлии истиқоматии №131-и кӯчаи Дӯстӣ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол, […]


Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд як духтари ноболиғ ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини шаҳри Чкаловск Нигина Усмоноваи 25-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Конибодом-Ғафуров-Деҳмой дар километри 62-юм, воқеъ дар рӯ ба рӯи ҳавлии истиқоматии №131-и кӯчаи Дӯстӣ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол, хонандаи синфи 5-ум Аниса Исмоноваро бо автомашина пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тибқи маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди минтақаи шимоли кишвар 245 ҳодисаи (ҳамин давраи соли гузашта – 257 ҳодиса) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари он 117 нафар ҳалок (соли 2011 – 121 нафар) ва 256 нафар (соли 2011 – 269 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 70 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2011 – 71 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, 26 нафар ноболиғон (соли 2011 – 23 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.