Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 55% иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба андозаи 55% ба иҷро расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват пас аз 20 рӯзи оғози мавсими тирамоҳӣ дар ноҳияҳои Мурғоб ва Роштқалъаи ВМКБ, ноҳияҳои Носири Хусрав ва шаҳри Қӯрғонтеппаи вилтояти Хатлон, […]


Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба андозаи 55% ба иҷро расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват пас аз 20 рӯзи оғози мавсими тирамоҳӣ дар ноҳияҳои Мурғоб ва Роштқалъаи ВМКБ, ноҳияҳои Носири Хусрав ва шаҳри Қӯрғонтеппаи вилтояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳристон ва шаҳри Чкаловски вилояти Суғд пурра ба иҷро расидааст.

Ба қавли вай, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ба андозаи 61%, вилояти Суғд – 55,5%, ВМКБ – 74%, ноҳияҳои тобеи марказ – 47,6% ва шаҳри Душанбе – 46,1% ба иҷро расидааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Тибқи қонун, ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.

Комиссияи ҷумҳурияии ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова сарварӣ мекунад. Сардори Раёсати тадорукотӣ-сафарбарии Ситоди кулли Вазорати мудофиа Хушвақт Мироваров муовини ӯ таъин гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.