Афзоиши ду баробари воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон

Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон ба хотири пешгирии камбуди он ҳаҷми воридоти ин навъи маводи сӯзишвориро афзуданд. Аз оғози сол то аввали моҳи октябр ба ҷумҳурӣ беш аз 57 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар зарфи 9 моҳи соли гузашта 27 ҳазор тоннаро ташкил […]


Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон ба хотири пешгирии камбуди он ҳаҷми воридоти ин навъи маводи сӯзишвориро афзуданд.

Аз оғози сол то аввали моҳи октябр ба ҷумҳурӣ беш аз 57 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар зарфи 9 моҳи соли гузашта 27 ҳазор тоннаро ташкил медод.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, арзиши миёнаи ҳар як тоннаи гази моеъ ба 659 доллари ИМА баробар аст. «Имрӯз камбуди гази моеъ дар кишвар вуҷуд надошта, вале бинобар сабаби зиёд шудани истеъмолгарони ин навъи сӯзишворӣ, баъзан дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ навбатҳои бузург ба амал меоянд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ахири тобистони соли равон дар Тоҷикистон норасоии гази моеъ эҳсос гардида, дар Қазоқистон, ки гази моеъ асосан аз онҷо ворид мегардад, қимати гази моеъ боло рафт ва дар ин робита арзиши он дар Тоҷикистон низ афзуд.

«Агар аввали моҳи август арзиши 1 литр гази моеъ дар Душанбе ба ҳисоби миёна 2,60 сомониро ташкил медод, пас аввали моҳи сентябр нархи он то 3,20 сомонӣ ва феълан то 3,70-3,80 сомонӣ боло рафт», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки бо болоравии қимати бензин аксари воситаҳои нақлиёти ҷумҳурӣ ба истифодаи сӯзишвории алтернативӣ – гази моеъ гузаштанд ва тибқи маълумоти ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ, айни замон беш аз 40%-и воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ газро истифода мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.