Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар зарфи 9 моҳ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо то ахири сол муайян карда шуданд.
Дар маърӯзаи худ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умеди Давлатзод қайд кард, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 24,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,8 млрд. сомонӣ зиёд аст. «Суръати афзоиши воқеии ММД ба 7,5% расида, дар сохтори он истеҳсоли маҳсулот – 44,9, хизматгузорӣ – 42,2 ва андоз – 12,9%-ро ташкил дод», – гуфт муовини вазир.
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода зикр кард, ки сарфи назар аз ҳама мушкилот, дар ин давра иқтисоди ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардид, ки афзоиши ҳиссаи истеҳсоли маҳсулот дар сохтори ММД гувоҳи он аст. «Ин маънои онро дорад, ки дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд», – афзуд вазир.


