Э.Раҳмон: «Мо ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Финландия ҳавасмандем»

Субҳи имрӯз барномаи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия бо мулоқоту музокирот бо президенти ин кишвар Нийнистё Саули идома ёфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, масоили ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Финландия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нийнистё […]


Субҳи имрӯз барномаи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия бо мулоқоту музокирот бо президенти ин кишвар Нийнистё Саули идома ёфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, масоили ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Финландия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нийнистё Саули баррасӣ шуд.

Муҳокимаи муфассали масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Таъкид гардид, ки захираҳои фаровони табию нерӯи инсонии Тоҷикистон ва сармояву технологияҳои муосири Финландия заминаи хуб барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд аст.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, хусусан гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои Тоҷикистону Финляндия номида шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки Тоҷикистону Финландия доир ба масоили зиёди амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, обию энергетикӣ, экологӣ, ҳифзи иқлими сайёра аз гармшавӣ ва таъмини дастрасии васеи аҳолии ҷаҳон ба оби поки ошомиданӣ мавқеи ягона ва ё ба ҳам наздик дошта, дар ин самт ҳамгироии судманд ба роҳ мондаанд.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ як созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Финляндия баҳои баланд доданд.

Президенти Финландия Нийнистё Саули аз ҷумла изҳор дошт: «Финландия ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон манфиатдор аст ва мо барои ин аз тамоми имкону захираҳои ду кишвар омодаем босамар истифода барем».

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҷойгоҳ ва нуфузи хоси Финландия дар умури сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Аврупо изхор дошт, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ин кишвар ҳавасманд аст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.