Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Финландия

Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Финландия қарор дорад, бо раиси парлумони Финландия Ээро Ҳейнялуома мулоқот намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи ғании парламентаризми Финландия […]


Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Финландия қарор дорад, бо раиси парлумони Финландия Ээро Ҳейнялуома мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи ғании парламентаризми Финландия ва татбиқи амалии дастовардҳои ибратбахши он дар Тоҷикистон амри судманд хоҳад буд.

Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки барои барпо намудани робитаи доимии судбахш аз ҳисоби вакилони мардумӣ гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Финландия таъсис медиҳанд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба таҳкими робитаҳо бо парлумони Иттиҳоди Аврупо ва муассисаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо сурат гирифт.

Дар шаҳри Ҳелсинки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскелайнен мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти институти ваколатдори Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки тайи собиқаи кӯтоҳи он, яъне аз соли 2009 ба ин сӯй, барои кори пурсамари ин муассиса заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст.

Таъкид гардид, ки таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз самтҳои афзали ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст.

Хотиррасон карда шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2350 созмони ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ, зиёда аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла 74 иттиҳодияи ғайриисломӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, 400 рӯзномаю маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28-тоаш ғайриҳукуматӣ аст, озодона фаъолият мекунанд.

Аз ҳамкории босамар дар чаҳорчӯби барномаи 30-моҳаи Вазорати корҳои хориҷии Финландия – «Баробарӣ дар назди қонун: дастрасӣ ба адолати судӣ дар Осиёи Марказӣ» ва дигар робитаҳои ду икшвар дар ин самт изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натоиҷи гуфтушунидҳои ҳайати Тоҷикистону Финландия як созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя миёни кишварҳо ба имзо расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.